Вохӯрии деринтизор: Ситораҳои “Гаррӣ Поттер” ба ҳам омаданд

Том Фелтон дар саҳифаи инстаграми худ аксеро гузошт, ки ҳамроҳи ҳамкоронаш аз филми “Гаррӣ Поттер” — Эмма Уотсон, Эванна Линч, Боннӣ Райт ва Мэттю Люис мебошад. Ҳунармандон барои таҷлили ҷашни Милод ҷамъ омада будаанд.

«Табрикоти мавсимии дӯстони мактабии ман», — навиштааст ҳунарпеша дар зери акс ва илова намудааст, ки ӯ ва Мэттю Льюис то ҳол дар бораи “кадом факултет беҳтар аст — Гриффиндор ё Слитерин” баҳс мекунанд.

Вохӯрии деринтизор: Ситораҳои “Гаррӣ Поттер” ба ҳам омаданд  Вохӯрии деринтизор: Ситораҳои “Гаррӣ Поттер” ба ҳам омаданд                         2 1024x1024

Дар давоми камтар аз як рӯз, навиштаи Фелтонро беш аз 1,2 миллион кас писандидаанд. Ҳамин гуна акс дар саҳифаи инстаграми Эмма Уотсон, ки мухлисонашро бо Милоди Исо табрик кардааст, 2,7 миллион лайк дорад.

Бо баъзе сабабҳо, Даниел Рэдклифф ва Руперт Гринт дар базми шомгоҳӣ набуданд ва мухлисон аз ини ситораҳо ғамгин шуданд. Дигарон бошанд, танҳо аз муттаҳидии ҳунармандони афсонаи дӯстдоштаи бачагона шодӣ мекарданд.

Сарчашма: esquire.ru