Филми «Звездные войны 9: Скайуокер. Восход» бе ягон мамоният дар намоиши ватании худ дар рӯзҳои истироҳатии дуюм 72 миллион долларро соҳиб гардид. Поёнравӣ дар муқоиса бо рӯзҳои истироҳатии нахустнамоиш 59 фоиз муътадил гардид. Қобили зикр аст, ки саҳнаи ҳаштуми силсилафилми кайҳонӣ пастравии назаррасро нишон дод. Он ба 68 фоиз баробар аст.

Коршиносон тахмин мекунанд, ки даромади ниҳоии ватании филм, тақрибан 600 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Агар дар мавриди дастоварди ҷаҳонии филм гӯем, он аллакай 725 миллион доллар ҷамъ кардааст.

Дар охири ҳафта филми моҷароии «Джуманжи 2: Новый уровень» дар ҷойи дуюм қарор гирифт, ки 35,3 миллион доллар фоида ба даст овардааст. Ҷамъоварии ҷаҳонии филм ба 460 миллион доллар расидааст. Зинаи сеюмро филми «Маленькие женщины» аз худ намуд, ки даромади он 16,5 миллион доллар ба ҳисоб меравад.

Ҳамунин бояд қайд кард, ки филми аниматсионии студияи Walt Disney «Холодное сердце 2» ба сатҳи нав расида, беш аз 1,2 миллиард доллар фоида ба даст овардааст. Акнун он дар феҳристи филмҳои тасвирии сердаромадтарин дар мақоми сеюм қарор дорад.

Сарчашма: kinonews.ru