Шакира таронаи нав сароид (Видео)

Овозхони машҳуру овозадор Шакира ҳамроҳ бо репсаро Anuel AA суруди «Me Gusta”-ро эҷод намуд.

Суруд дар бораи зану мардест, ки ҳамдигарро дӯст медоранд, вале вақти зиёдро бо ҳам мегузаронанд ва одатҳои бадро аз худ мекунанд. Эҳтимол дорад, ки тарона ба албоми 12-уми овозхон ворид гардад.

«Me Gusta» – таронаест, ки дар сабки реггитон сароида шудааст. Ин бори аввал нест, ки Шакира дар ин жанр тарона эҷод мекунад: соли 2016 ӯ ҳамроҳ бо Малума суруди «Chantaje»-ро нашр намуд, ки он дар Амрикои Лотинӣ ва Испания шӯҳрати калон ба даст овард. Намоҳанги “Chantaje”-ро дар шабакаи “YouTube” беш аз ду миллиард нафар тамошо кардааст.

Албоми охирини Шакира “El Dorado” мебошад, ки соли 2017 дастраси мухлисон гардид. Он ҳамчун беҳтарин албом дар жанри лотино-поп соҳиби ҷоизаи “Грэммӣ” шуд.

Сарчашма: soyuz.ru