200 миллион пайрав: Рекорди нави Криштиану Роналду дар Instagram

Криштиану Роналду, ҳамлагари бошгоҳи «Ювентус» аввалин нафаре гашт, ки дар шабакаи иҷтимоии Instagram соҳиби 200 миллион пайнавард ё фолловер шуд.

Нафарони наздиктарин ба Криштиану, сароянда Ариана Гранд бо 173 миллион пайрав ва ҳунарпеша Дуэйн Ҷонсон бо 170 миллион пайнавард мебошад. Ҳамин тариқ дар ояндаи наздик касе Роналдуро аз мақомаш берун зада наметавонад. Фосилаи байни ӯ ва рақибонаш хеле зиёд аст.

Ҳамлагари «Барселона» Лионел Мессӣ аз рӯи шумораи пайравон (141 миллион) дар ҷаҳон ҳаштумин нафар аст.

Криштиану Роналду дар қаҳрамонии Итолиё-2019/20 18 бозӣ гузаронида, 17 гол ба самар расонида, ду партофти голӣ додааст.

Сарчашма: eurosport.ru