Аҳтам Назаров Ҷоми Федератсияи футболи Бангладешро ба даст овард

Cардори дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров дар ҳайати бошгоҳи «Башундара Кингс» ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Бангладеш гардид.

Дар бозии ҳалкунанда, дастаи Аҳтам Назаров бо ҳисоби 2:1 бар бошгоҳи «Рахматганж», ки ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Сиёвуш Асроров дар он шомил аст, ҳунарнамоӣ кард ва ғолибиятро ба даст овард.

Бояд тазаккур дод, ки бошгоҳи Аҳтам Назаров «Башундара Кингс» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2020 иштирок мекунад. Рақибони қаҳрамони Бангладеш дар гурӯҳи E «Ченнай Сити» (Ҳиндустон), «ТК Спортс Клуб» (Малдива) ва ҳамчунин ғолиби плей-офф дар минтақаи ҷанубӣ мебошанд, ки дар оянда бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Сарчашма: fft.tj