Андӣ дар Хиёбони шуҳрати Ҳолливуд соҳиби ситора шуд

Овозхони эронии арманитабор Андӣ Мададиён дар Хиёбони шуҳрати Ҳолливуд соҳиби ситора гардид. Сароянда ин ситораро барои фаъолияти чилсолаи пурсамар дар шоу-бизнес сазовор шуд.

Ӯ дар маросими ифтитоҳ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои қабул ва муҳайё намудани имконият барои ҳунармандони фарҳангҳои гуногун изҳори сипос кард.

Андӣ иброз намуд, ки барои халқҳои амрикоӣ, эронӣ ва арманӣ эҷод менамояд.

“Ман аз Палатаи савдои Ҳолливуд ва Хиёбони шуҳрати Ҳолливуд барои қадрдонӣ сипосгузорам. Ман онро то поёни умр ҳифз хоҳам кард. Бори дигар Ҳолливул ба ҷаҳон собит намуд, ки  инсондӯстӣ – муҳимтарин чиз дар зиндагист ва дар назди Офаридгор ҳама як ҳастем” – навиштааст Андӣ дар сафҳаи инстаграми худ.

Ӯ ҳамчунин дар ин маросим қайд кард, ки эҳдои мукофот ба ҳодисаҳои охирини сиёсии ИМА ва Эрон вобастагӣ надорад.

Андии 63-сола – аввалин овозхони эронӣ мебошад, ки номаш дар Хиёбони шуҳрат ҳаккокӣ шуд.

Чанд рӯзи пеш Андӣ таронаи нави худро бо «The Good Fight» рӯнамоӣ кард. Суруд мусиқии филми «American Fighter» ба ҳисоб меравад, ки тобистони имсол ба намоиш гузошта мешавад.

Андраник Мададиён 21-уми апрели соли 1958 дар шаҳри Теҳрон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Фаъолияти касбияшро соли 1980 дар гурӯҳи Andy&Kouros оғоз намудааст. Солҳои 1985-1991 чор албоми ин гурӯҳ дастраси мухлисон гардид. Ба шарофати он, Андӣовозхони саршиноси таърихи мусиқии попи эронӣ гашт. Гурӯҳи Andy&Kouros соли 1992 барҳам хӯрд. Андӣ ба фаъолияти яккахонӣ пардохт. Ӯ чор бор сазовори унвони беҳтарин овозхони армании сол ва беҳтарин овозхони эронии даҳсола дониста шуд. Дар тӯли солҳои яккахонӣ беш аз 15 албом нашр кард.

Сарчашма: asiaplustj.info