Анӣ Лорак мухлисонро ба ғазаб овард (Навор)

Сарояндаи украинӣ Анӣ Лорак ва овозхони Black Star Миша Марвин ба мухлисону ҳаводорони савту садо суруди муштараке бо номи «Меравам» («Ухожу») пешниҳод намуданд. Сурудро дар шабакаҳо ҳамон лаҳзаи нашр баҳогузорӣ карданд.

Таронаи мазкур дар шабакаи YouTube нашр шудааст. Сарояндаҳо дар саҳифаҳои инстаграми худ атрофи суруди нави худ ибрози ақида намуданд.

«Аз тамошои филми бад дар вақташ баромадан лозим аст, кори писанди дилатон набударо ҳамон лаҳза тарк намудан зарур аст ва ба муносибате, ки ояндаи хуб надорад, хотима бахшидан ҳатмӣ аст», — навиштааст Миша Марвин.

«Мо ба шумо суруди бениҳоят зебо ва симимии ошиқонаро пешниҳод мекунем… Бигзор, ки ин саргузашти ҳақиқӣ дили шуморо гарм кунад», — навишта кардааст Анӣ Лорак.

«Боз як асабхаробкунандаи дигар барои нафарони дардманд. Безор нашудед», «Лорак дод мезанад, на ин ки месарояд», «Хайр, ҳамин тавр», «Поп-мусиқии самимӣ бо як матни ҷаззоб, ки то ба охир гӯш карда натавонистам», «Ин чӣ таронаи аблаҳона аст», — чунин навиштаанд дар бораи кори нави сарояндаҳо.

Ҳамзамон бо ин, нафарони зиёде низ ёфт шуданд, ки ин суруд писандашон омад ва аз ҳунару маҳорати сарояндаҳо ба ваҷд омаданд.

Хотиррасон мегардем, ки Анӣ Лорак таронаи «Вайрон месозем» («Мы нарушаем») ва албоми 16-умаш — «Дунболи орзуҳо» (За мечтой)-ро 26 сентябри соли 2019 нашр намуда буд.

Сарчашма: unian.net