Ин номумкин аст: Автомобилҳои ширкати Tesla ба наздикӣ бо одамон сӯҳбат хоҳад кард

Дар ояндаи наздик мошинҳои машҳури электрикӣ дорои вазифаи нав мегардад — онҳо бо пиёдагардон сӯҳбат хоҳанд кард.

Дар ин бора Илон Маск дар сафҳаи твиттери худ хабар дод. “Ба наздикӣ автомобилҳои ширкати Tesla бо одамон сӯҳбат хоҳад кард, албатта агар шумо инро хоҳед. Ин шӯхӣ нест», навиштааст соҳибкор. Ӯ инчунин навореро ба навиштаи худ пайваст намудааст, ки Model 3 ба назди шахсе рафта мегӯяд: «Даҳонатонро боз карда наистед, ба дохили ман дароед».

Чӣ гуна амал кардани ин функсияро Илон Маск нагуфтааст. Аммо тибқи пешгӯии коршиносон, мошинҳои электрикӣ метавонанд бе поён кардани тирезаҳо ва бе истифода аз сигнали садоӣ бо мардум муошират намояд. Ба эҳтимоли зиёд, ин амал ба он хотир эҷод шудааст, ки мошин пиёдагарди ноэҳтиёткорро аз наздик шудани мошин ё хатари дигаре огоҳ созад.

Ширкати мошинсозии Tesla ба мошинҳои барқии худ аллакай баландгӯякҳои иловагиро илова намуда истодааст, зеро ки тибқи муқаррароти нав, онҳо бояд барои пиёдагардҳо садои мотор баланд намоянд. Чун маълум аст, ки одамон хеле оромона ҳаракат мекунанд.

Сарчашма: wi-fi.ru