Биллӣ Айлиш дар маросими ҷоизасупории “Оскар” ҳунарнамоӣ мекунад

Биллӣ Айлиш, овозхони ҷавони амрикоӣ пас аз барандаи мутлақ шудан дар маросими супурдани ҷоизаи «Грэммӣ» дар ҷоизасупории «Оскар» ба унвони меҳмони вижа ширкат хоҳад кард. Дар ин бора Академияи синамои Амрико ва худи овозхон хабар додаанд.

Маълум нест, ки Айлиш кадом таронаро иҷро менамояд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин боваранд, ки ӯ шояд таронаи bad guy-ро сарояд, ки саундтреки филми «Моҷаро» (Bombshell) гардида буд.

Чанд рӯзи пеш аз ин Айлиш 5 ҳайкалчаи «Грэммӣ»-ро дар чор бахши асосӣ – “Таронаи сол”, “Сабти сол”, “Албоми сол” ва “Беҳтарин ҳунарманди нав” аз худ кард. Вай ҷавонтарин овозхон дар таърихи ин ҷоиза гардид (ва аввалин зане, ки ба он ноил шуд).

Илова бар ин, аз ин пеш барои ҳамагон маълум гардид, ки Айлиш таронаи асосии филми нави Ҷеймс Бондро менависад. Ва нуктаи аз ҳама муҳим ин аст, ки овозхон ҷавонтарин иҷрокунандаи саундтрек дар таърихи ин филм хоҳад шуд.

Маросими ҷоизасупории «Оскар» рӯзи якшанбеи 9 феврал, дар шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад.

Сарчашма: esquire.ru