Филмҳо дар бораи Ҷеймс Бонд ҳамеша дар рӯйи экранҳо асту бо сурудҳои ҷолибаш дар дили тамошобинон манзил ихтиёр кардааст. «Ҳоло вақти марг нест» («Не время умирать») аз ин гуфтаҳо истисно буда наметавонад. Барои филми мазкур овозхони машҳури муосир Биллӣ Айлиш тарона сабт хоҳад кард.

Биллӣ сурудро бо бародараш Финнеас О.Коннелл сабт кардааст. Ӯ ҷавонтарин овозхон дар таърихи филми Ҷеймс Бонд гардид, ки барои он суруд сабт намудааст.

Худи Айлиш ба ин чиз эҳсосоти бештаре зоҳир намудааст.

«Ҳоло вақти марг нест» Ҷеймс Бонд. Ва ман суруди асосиро месароям. Чииӣ? Ин чӣ гапест, ки ҳатто бовари худам ҳам намеояд!

Дар филм Бонд пас аз истеъфо дубора ба кори худ бармегардад, чун «инсоният дар арафаи фалокати ҷаҳонӣ қарор дорад». Нақши қаҳрамони асосиро дар филм ин даъфа низ Дэниэл Крэйг меофарад. Бо ӯ инчунин Леа Сейд бо образи доктор Маделейн Свонн ва Рамӣ Малек нақшофарӣ мекунанд.

Нахустнамоиши филми мазкур 9 апрели соли 2020 дар назар аст.

Сарчашма: kanobu.ru