Расман: Бруну Фернандеш бозигари “Манчестер Юнайтед” гардид

Бошгоҳи “Манчестер Юнайтед”-и Англия ба имзо расидани шартнома бо нимҳимоятгари португалӣ Бруну Фернандесро расман хабар дод.

Тавре дар сомонаи расмии “Манчестер Юнайтед” гуфта мешавад, шартнома бо португалӣ барои 5,5 сол баста шудааст. Маблағи гузариши ин футболбоз аз дастаи «Спортинг» ва андозаи маош гуфта нашудааст.

«Муҳаббати ман ба “Манчестер Юнайтед” замоне пайдо шуд, ки ман бозии Криштиану Роналдуро тамошо мекардам. Аз он вақт ман ҳаводори ин бошгоҳи нотакрор ҳастам. Бозӣ кардан дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” ҳоло бароям боварнакарданист. Ман барои ноил шудан ба муваффақият кӯшишҳои зиёд кардам. Ман ба мухлисони худ ваъда дода метавонам, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат ва ҷомҳои бештар ба даста ёрӣ медиҳам», — гуфтааст Бруну Фернандеш пас аз имзои қарордод.

Бруну Фернандеш  Расман: Бруну Фернандеш бозигари “Манчестер Юнайтед” гардид                               1

Бруну Фернандеш кист ва дар бораи гузариши ӯ чӣ маълум аст

  • Бруну Фернандес 8 сентябри соли 1994 ба олами ҳастӣ омадааст. Вай футболбозиро дар бошгоҳи “Инфеста” оғоз ва аз соли 2004 дар академияи “Боавишта” таҳсил кардааст.
  • Аз соли 2012 дар сатҳи касбӣ дар дастаи итолиёвии “Новара” фаъолияташро шурӯъ кард. Пас аз он дар бошгоҳҳои “Удинезе” ва “Сампдория” ҳунарнамоӣ намуд.
  • 27 июни соли 2017 Фернандеш ба маблағи 9 миллион евро ба бошгоҳи “Спортинг” гузашт. Вай дар ин даста 137 бозӣ гузаронида, 63 гол ба дарвозаи ҳариф ворид ва 52 партофти голӣ анҷом додааст. Ин мавсим дар 17 бозӣ 8 гол задааст ва 7 партофти натиҷаовар кардааст.
  • 10 ноябри соли 2017 дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ, Фернандес бори аввал бораи тими миллии Португалия бозӣ кард. Ба дархости тими миллӣ барои Қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дохил шуд. Дар бозиҳои Испониё ва Марокаш бозӣ кард. Вай ҳамчунин дар дархост барои марҳилаи ниҳоии “Лигаи миллатҳо” буд, ки дар он дастаи Португалия ғолиб омад. Дар маҷмӯъ, ӯ дар 19 бозӣ барои тими миллӣ иштирок намудааст.
  • 30 январ ба Манчестер Юнайтед гузариш намуд, ба маълумоти пешакӣ, бошгоҳи англисӣ барояш 55 миллион евро пардохт кард. Боз 25 миллион евро иловапулӣ хоҳад буд. Инчунин 10% -и гузариши ояндаи бозингарро бошгоҳи “Спортинг” хоҳад гирифт.
  • Маоши ӯ дар бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” дар як ҳафта 70 ҳазор фунт хоҳад буд.
  • Ӯ чорумин футболбозе гашт, ки аз дастаи «Спортинг» ба “Манчестер Юнайтед” гузашт. Пеш аз ӯ Криштиану Роналду, Нанӣ ва Рохо ҷой иваз карда буданд.

Сарчашма: 24tv.ua