Овозхони номдори рус Егор Кред оҳанги лирикии нави «Чашмони кабуд» («Голубые глаза»)-ро пешкаши мухлисон гардонид. Ин суруд ба мусиқии филми «(НЕ)идеальный мужчина»-и Мариус Вайсберг ворид шудааст, ки Крид яке аз нақшҳои асосиро дар он меофарад. Интишори тарона ба маросими рӯнамоии филми «(НЕ) марди беҳтарин» мувофиқат мекунад.

Шарики овозхон дар филм Юлия Александрова гардидааст. Аз рӯи сужа, қаҳрамони он бо сабаби бевафоӣ аз маҳбуби худ ҷудо шуда, тасмим мегирад, ки барои худ «марди беҳтарин»-и аз дур идорашаванда пайдо кунад. Егор Крид нақши роботро офарида, моли ҷавондухтар мегардад.

Сарчашма: intermedia.ru