«Дӣ-Сӣ Юнайтед» интизори Лука Модрич аст

Ба гузориши нашрияи The Athletic, Лука Модрич — нимҳимоятгари бошгоҳи “Реал” имкони давом додани фаъолияти корияшро дар MLS дорад.Шартномаи дорандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” бо бошгоҳи “Реал” тобистони имсол ба поён мерасад. Дастаи “Дӣ-Сӣ Ютайнед” хоҳони ҳамроҳ кардани футболбоз ба ҳайаташ мебошад. Гуфта мешавад, ки Модрич дар дастаи нав ҳамлавар Уэйн Руниро иваз хоҳад кард. Бошгоҳи амрикоӣ аллакай бо намояндагони бозигари хорват вохӯрдааст ва Лука ба гузариши эҳтимолии худ нигоҳи мусбат дорад.

Тавре нашрия иттилоъ медиҳад, аз эҳтимол дур нест, ки бошгоҳи “Реал” мӯҳлати шартномаи худро бо Модрич дароз мекунад.

Сарчашма: championat.com