Дархости мураббии нави “Барселона” аз Лионел Мессӣ

Бошгоҳи “Барселона” ҳайати худро нав кард. Раҳбари нави даста Кике Сетйет ҷойгузини Эрнесто Валверде гардид. Тағйироти навро расонаҳои испониёӣ ёдоварии вокуниши нахустини мураббии ҷадиди даста аз якумин вохӯрияш бо Лионел Мессӣ оғоз карданд.

– Боре ба ман даст дод, ки ҳангоми тамрин аз дур ба Мессӣ чашм бидӯзам. Ман ба вай наздик шудаму аз ӯ дарсхост кардам, ки ҳатталимкон то 60-солагӣ ва ё охирин нафас дар майдони футбол ҳунарнамоӣ кунад, — гуфтааст Сетйен дар мусоҳиба ба нашрияи El Pais.

Қарордод бо Сетйени 61-сола расман рӯзи 14 январ имзо шуд. Ин тавофуқнома то 30 июни соли 2022 дар назар гирифта шудааст.

Сарчашма: news.sportbox.ru