Дигаргуна: Селена Гомес ба таронаи «Lose You to Love Me» намоҳанги нав баровард (Видео)

Овозхони ҷавони соҳибистеъдоди амрикоӣ Селена Гомес ба таронаи «Lose You to Love Me» аз албоми нави худ «Нодир» (“Rare”) наҳоманг ё клипи дигар пешниҳод намуд. Ба гуфтаи овозхон, суруди шарҳиҳолӣ ба роҳи худшиносӣ бахшида шудааст, ки «одатан дар ҳаёти шахс доғҳо мегузорад». Мухлисон мутмаинанд, ки сухан дар бораи муносибати вайроншудаи Селена бо Ҷастин Бибер ва ҷудошавии ниҳоии онҳо меравад, ки пас аз ин ӯ бо Хейлӣ Болдуинро издивоҷ кард.

«Ман мехоҳам мардум эҳсоси умедворӣ кунанд ва бидонанд, ки онҳо дар охир версияи қавитари худро пайдо хоҳанд кард», — гуфта буд овозхон.

Селена дар ин навори сиёҳу сафед, пианино навохта оҳангро иҷро менамояд.

Сарчашма: intermedia.ru