Disney шабака ва студияи Fox-ро номгардон кард

Cтудияи 20th Century Fox ва Fox Searhlight пас аз пайваст шудан ба ширкатҳои Disney номи худро иваз карданд. Аз соли 2020 ин ширкатҳои синамоӣ 20th Century Studios ва Searchlight Pictures номида мешаванд. Ҳамзамон номи бахшҳои телевизионии 20th Century Fox Television ва Fox 21 Television Studios бетағйир мемонанд.

Нишонвораҳои ширкатҳои 20th Century Studios ва Searchlight Pictures ба дигаргуниии ҷиддӣ рӯбарӯ нашудfанд. Аз он танҳо калимаи Fox гирифта шуд. Пеш аз намоиши филмҳои «Под откос» ва «Зов предков» аллакай логотипи нав истифода шудааст.

Сабабҳои номгардонӣ номида намешавад. Аммо, як манбаи нашрияи Variety қайд кард: «Ман фикр мекунам, ки Fox маънои Мердок (Руперт Мердок, раҳбари собиқи Fox) мебошад».

Номи 20th Century Fox ҳанӯз аз соли 1935, ҳангоме ки ширкати Twentieth Century Pictures ва Fox Film Corporation ҳампайваст шуда буданд, вуҷуд дорад. Ширкати Fox Searhlightсоли 1994 ташкил ёфт. Ҳадафи асосии он сохтани филмҳои камбуҷа ба ҳисоб мерафт.

Сарчашма: kinopoisk.ru