Дуэйн Ҷонсон нақши Дуэйн Ҷонсони навҷавонро меофарад

Шабакаи телевизионии NBC-и Амрико наворбардории мавсими аввали силсилафилми мазҳакавии «Скалаи ҷавон» («Young Rock»)-ро, ки аз саргузашти навҷавонии ҳунарманди маъруф Дуэйн Ҷонсон қисса менамояд, фармоиш додааст.

Манбаъ дар бораи сужаи асосии филм маълумоте надодааст, вале пайдост, ки он дар бораи даврони наврасӣ, ҷавонӣ ва ташаккули ҳунарманд, замони машғул будани ӯ бо намуди варзиши реслинг нақл хоҳад кард. Ҷонсон инчунин дар Донишгоҳи Майамӣ ба бозии футболи амрикоӣ шуғл меварзид. Гуфта мешавад, ки барои мавсими аввал 11 қисм наворбардорӣ мегардад.

Ҳунарпешаи  машҳури ояндадор, соли 1972 дар Калифорния таваллуд шуда, дар Гавай ва Зеландияи Нав зиндагӣ кардааст. Фаъолияти нақшофарии Дуэйн Ҷонсон соли 2001 аз филми “Мумия” бо иҷрои нақши Подшоҳ Каждум оғоз шудааст.

Сарчашма: wi-fi.ru