Эриксен 4,5 сол дар бошгоҳи “Интер” хоҳад монд

Кристиан Эриксен, ниммуҳофизатгари “Тоттенхэм” бозигари бошгоҳи “Интер” шуд. Футболбози 27-сола бо ин даста барои 4,5 сол қарордод имзо кардааст.

Миланиҳо ин футболбозро ба 20 миллион евро харидорӣ намуданд, ки 5% (1 миллион евро)-и онро бошгоҳи “Аякс”, ки Эриксенро тарбия намудааст, хоҳад гирифт.

Бошгоҳи итолиёӣ аз гузариши Кристиан дар саҳифаи худ дар твиттер сомонаи расмияш хабар дод.

Кристиан Эриксен дар 305 бозӣ барои бошгоҳи “Тоттенхэм” 69 гол ба самар расонида, 89 партофт намудааст.

Сомонаи Transfermarkt футболбози даниягиро 90 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Сарчашма: eurosport.ru