Филми

Филми «Ҷанги ситорагон 9: Бозгашти Скайуокер” (“Звездные войны 9: Скайуокер. Восход” – “Star Wars: The Rise of Skywalker”) ба рӯйхати «миллиардер»-ҳои соли 2019 дохил шуд. Тавре нашрияи The Hollywood Reporter хабар додааст, намоиши ватании филм ба созандагони он беш аз 481 миллион доллар фоида овардааст ва дар намоиши байналмилалӣ бошад, 519 миллион доллар пул кор кардааст.

Чунин ҷаҳиш аз он шаҳодат медиҳад, ки қисмати нӯҳуми «Ҷанги ситорагон» муваффақияти бахши ҳаштумро, ки дар як муддати муайян беш аз 1,3 миллиард доллар ҷамъ оварда буд, такрор карда наметавонад. Эҳтимол меравад, ки даромади ниҳоӣ аз 1,2 миллиард доллар зиёд намешавад.

Хотиррасон мегардем, ки «Ҷанги ситорагон 9» ба саргузашти қабилаи Скайуокерҳо хотима гузошт. Оё аз қабилаи Скайуокерҳо ягон нафар пайдо мешавад ва ё не, дар саҳнаи навбатии «Ҷанги ситорагон» маълум хоҳад шуд.

Студияи Lucasfilm нақшаҳои ояндаи худро маълум накардааст. Тибқи баъзе гузоришҳо, дар ояндаи наздик тамошобинонро аз ин силсила, филмҳо интизоранд, ки ҳаракатҳое ки дар тӯли он садсолаҳо пеш аз рӯйдодҳои сегонаи нашршуда сурат хоҳад гирифт.

Сарчашма: kinonews.ru