Плохие парни навсегда

Филми “Писарони бад барои ҳамеша” (“Bad Boys for Life”) дар ду ҳафтаи истироҳатии ватании худ пешсафиро соҳиб гардид. Тавре аз омори нашрияи Boxofficemojo бармеояд, филми мазкур боз 34 миллион долларро ба хазинаи худ ворид намуд. Ин нишондиҳанда аз қисми қаблии нахустнамоиш 45 дарсад камтар аст. Намоишҳои ҷаҳонии он 200 миллион доллар фоида ба даст овард.

1917  Филми «Писарони бад» пешсафиро ба даст овард 1917

Дар ҷои дуюм драмаи низомӣ бо номи «1917» қарор гирифтааст, ки яке аз номзадҳои асосии мавсими ҷоизасупориҳо дониста мешавад. Филми мазкур ба Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ бахшида шудааст ва дар Амрикои Шимолӣ боз 15,8 миллион доллар ба даст овардааст. Маблағи умумӣ барои филмҳои таъсирбахши ин жанр ба 200 миллион доллар расидааст.

Удивительное путешествие доктора Дулиттла  Филми «Писарони бад» пешсафиро ба даст овард

Аз рӯи натиҷаҳои намоишҳои рӯзҳои истироҳатӣ, ба зинаи сеюм филми  моҷароии “Доктор Дулиттл” (“Dolittle”) сазовор дониста шудааст.  Ин филм боз 12,5 миллион долларро соҳиб гардидааст. Филм ҳоли нохуш дорад, зеро аз рӯи пешгӯиҳо ин филм дар намоишҳои ҷаҳонӣ, ки бояд 180 миллион долларро ҷамъоварӣ мекард, танҳо 90 миллион долларро ба як азобу машаққат ба хазинаи худ ворид намуд. Тақрибан нисфи ин маблағ барои пешбурди лоиҳа харҷ карда шуда буд.

Сарчашма: https://www.kinonews.ru/news_91699/