Филми тасвирии

Филми тасвирии «Холодное сердце 2»-и студияи Walt DIsney дар таърихи cинамогарии ҷаҳонӣ сердаромадтарин гардид. Тибқи омори нашрияи Boxofficemojo, фоидаи ҷаҳонии он зиёда аз 1,325 миллиард долларро ташкил намуд. Қаблан пешсафӣ насиби филми аниматсионии пурраметражи «Суперсемейка 2» (1,243 миллиард доллар) ва «Холодное сердце» (1,281 миллиарда долларов) гашта буд.

«Холодное сердце 2» лоиҳаи шашуми лоиҳаи студияи Walt DIsney аст, ки соли 2019 беш аз як миллиард доллар фоида ба даст овард. Қисми зиёди ин маблағро намоиши байналхалқӣ ба он ворид намудааст.

Инчунин, филми тасвирӣ дар рейтинги лоиҳаҳои муваффақтарин филмҳои соли гузашта ҷой гирифта буд, ки ҳатто «Мстители 4: Финал» ва филми «Король лев» ба ақиб мондааст. Ҳангоми нашри ин маълумотҳо, намояндагони студияи Walt Dusney ҳанӯз дар бораи дурнамои эҷоди силсилаи сеюми ин лоиҳа чизе нагуфта буданд.

Сарчашма: kinonews.ru