“Форсаж 9

Трейлери якуми филми ҷангии «Форсаж 9» дар доираи маросими махсусе, ки дар Майамӣ баргузор мегардад, ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Дар ин бора дар иттилоияи студияи Universal хабар дода шудааст.

Дар консерти дарназардошта, ситораҳои машҳур ба мисли Cardi B, Wiz Khalifa & Charlie Puth, Ludacris, Ozuna ва дигарон иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Ровии барномаи мазкур Тайриз Гибсон ва Мария Менунос мегарданд. Дар он ҳамчунин коргардони филм Ҷастин Лин ва офарандагони нақшҳои асосӣ иштирок мекунанд.

“Дар филми “Форсаж” таваҷҷӯҳи хоса ба мавзӯи хонавода буд ва хоҳад монд. Чизе ки маро боз ҳам бештар хурсанд мекунад, ин ҷашнгирии нашри қисми нав бо тамоми ҳайати эҷодӣ мебошад”, — гуфта шудааст дар баёнияи Вин Дизел дар робита ба ин хабар.

Филми «Форсаж 9» моҳи майи соли 2020 ба мухлисону ҳаводорони синамо пешниҳод мегардад.

Сарчашма: kinonews.ru