Ҳабиб Нурмагомедов дар бораи Доналд Серроне чӣ гуфт?

Размикори саршиноси русиягӣ Ҳабиб Нурмагомедов суханони варзишкори муҳорибаҳои омехта Доналд Серроне, ки рақиби навбатии Конор Макгрегор ба ҳисоб меравад, дар бахши таърихи 24-соатаи шабакаи инстаграм писханд зад.

Дар сафҳаи UFC Russia наворе нашр шуд, ки қаҳрамони он Доналд Серроне аст. Ин размикори 36-солаи амрикоӣ маъруф ба “Ковбой” (подабон) дар навори кӯтоҳ аз эҳсоси тарси худ пеш аз ҳар набардаш мегӯяд.  “Тарзи фикрронии тарсончак”, — суханони муҳорибагари амрикоиро арзёбӣ карда гуфтааст Нурмагомедов.

Серроне ва Макгрегор бо ҳамдигар рӯзи 19-уми январ дар мусобиқаи UFC 246 вомехӯранд. Муҳориба дар категорияи вазни миёна баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки Конор Макгрегор барои ин муҳориба 5 миллион ва рақиби ӯ – Серроне ду миллион доллар ба даст хоҳад овард.

Макрегор моҳи октябри соли 2018 аз размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмагомедов шикаст хӯрдаву аз он замон то ҳол ба майдони набард набаромада буд.

Сарчашма: lenta.ru