Instagram муборизаро алайҳи дӯстдорони фотошоп сар кард

Шабакаи иҷтимоии Instagram ба зидди суратҳое, ки то ба сатҳи шинохта нашудан дигаргун шудаанд, мубориза хоҳад бурд. Ба гузориши шабакаи телевизионии Москва 24, ки шабакаи иҷтимоии мазкур, алгоритми наверо пешниҳод мекунад, ки аксҳои коркардшударо шинохта карда, метавонад онҳоро ҳамчун маълумоти бардурӯғ шуморад.

Бо вуҷуди ин, истифодабарандагон ин гуна аксҳоро дар лента мебинанд, аммо вақте ки онро дар экрани пурра мекушоянд, экрани сиёҳ бо огоҳӣ аз муҳтавои таҳриршуда пайдо мешавад.

Алгоритми нав аллакай баҳси зиёдеро ба бор овард. Пеш аз ҳама, суратгирон ва рассомоне, ки бо санъати рақамӣ кор мекунанд, хашмгин шуданд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки мутахассисони Infosecurity a Softline Company мавҷи дигари қаллобиро дар Instagram ба мушоҳида гирифтанд.

Ба гуфтаи мудири кулли ширкат Игор Сергиенко, ҳамлагарон саҳифаи машҳурро дуздида, дар бораи нохушии рухдода дар оилааш эълон мегузоранд ва барои «табобат»-и хешовандон ба ҷамъ овардани маблағ мепардозанд.

Сарчашма:wi-fi.ru