Ҷастин Бибер албоми нави худро дар Рӯзи ошиқон мебарорад

Ҷастин Бибер – овозхони ҷавони амрикоӣ ном ва санаи нашри албоми нави худро эълон намуд.

Албом «Changes» унвон дорад ва он дар Рӯзи ошиқон – 14 феврал ба пешниҳоди мухлисону ҳаводоронаш мегардад. Сароянда аллакай сурати албоми навро нашр намудааст. Ӯ инчунин як оҳанги дигарро, ки «Get Me» ном дорад, ба мухлисонаш пешкаш кард. Ин тарона бо ҳамовозии Kehlani сабт шудааст. Ҷастин санаи сафарҳои ҳунарии худ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канадаро хабар дод.

 

 

 

Сарчашма: intermedia.ru