Овозхони маъруфи амрикоӣ Ҷастин Бибер ба мухлисону ҳаводоронаш клипи таронаи «Yummy»-ро пешниҳод намуд.

Ҳаракатҳои саҳнавии онро коргардон Бардӣ Зейнал наворбардорӣ намудааст. Ҷастин ба як тарабхонаи мӯднок ворид мегардад. Ӯ болопӯш ва мӯйи гулобӣ дорад. Дар мизи ӯ ҳамеша меҳмонони зиёд омада мешинанд (ки дар натиҷаи он миз калон мешавад).  Пешхизматҳо хӯрокҳои нави экзотикӣ меоранд.  Дар охир меҳмонон бо ҳамроҳии Бибер дар толор, аз ҷумла дар рӯи мизҳо рақс ташкил мекунанд.

Сарчашма: intermedia.ru