Ҷейсон Стэйтем ва Кевин Харт ҳамроҳ дар як филм иштирок мекунанд

Ҷейсон Стэйтем ва Кевин Харт барои иштирок ва ҳунарнамоӣ дар филми мазҳакавии студияи Sony Pictures «Марде аз Торонто» («The Man From Toronto») гуфтушунид гузаронида истодаанд. Тибқи иттилои нашрияи Variety, ба ҳайси коргардони лоиҳа Патрик Хюз («Нигаҳбони қотил», «Дастгирнашавандагон 3») иштирок мекунад. Филм 20 ноябри соли 2020 пешниҳоди дӯстдорони синамо мегардад.

Филмноманавис Роббӣ Фокс («Нигоҳубини куҳансолон», «Playing for Keeps») мебошад. Ҳамчунин ӯ бо Ҷейсон Блюментал ҳаммуаллифи идея ба ҳисоб меравад. Блюментал бошад бо ҳамроҳии Тодд Блэк ва Стив Тиш таҳиягари филм дониста мешавад. Тафсилоти сужа махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Сарчашма: intermedia.ru