Лессӣ: ҷонваре ба монанди Хасико (Видео)

Ширкати синамоии «Волга» трейлери тарҷумашудаи филми «Лессӣ ба хона бармегардад» («Lassie Come Home»)-ро нашр намуд. Филми нав, ки бар асоси романи Эрик Найт омода шудааст, дар бораи як саг, ки Лессӣ ном дорад, нақл мекунад. Лессиро аз соҳибаш ҷудо мекунанд ва ба манзили сарватманде мефиристанд. Вале Лессӣ аз соҳибаш хотираи хубе дорад, аз ин рӯ аз манзили наваш мегурезад, то ин ки дар минтақаҳои ҷолиб қарор бигирад ва дӯстони навро ёбад.

— Соли 2020 саги аз ҳама машҳури таърих ба экрани калон бармегардад, — гуфта мешавад дар навори мазкур.

Нахустнамоиши филми «Лессӣ ба хона бармегардад» 16 апрели соли 2020 ба дӯстдорони синамо пешниҳод мегардад.

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/343861