Мадонна консерташро бекор кард

Ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ Мадонна, ки моҳи декабри соли 2019 ба сабаби доштани мушкилӣ бо шавҳари собиқаш консерташро пеш аз оғози он бекор карда буд, маҷбур шуд, ки аз ҳунарнамоии дубора даст кашад.

Ин дафъа дарди тоқатнопазири ӯ сабаб гаштааст, хабар медиҳад нашрияи TSN. Мадонна ба маслиҳати духтури худ гӯш дода, аввалин консерти худро дар сафари ҳунарии Madame X бекор кард. Вай дар ин бора дар сафҳаи инстаграми худ навишт.

«Тавре ки шумо медонед, ман ҷароҳатҳои кӯҳна дорам, ки дар оғози тур ҳӯшу гӯши маро мегирифт. Ман бояд ҳамеша ба бадани худ гӯш диҳам ва саломатии худро дар ҷойи аввал гузорам. Охирин коре, ки ман кардан мехоҳам, мухлисони худро ноумед кардан аст».

Аввалин макони консертӣ бояд шаҳри Лондон мегашт ва он ҳам дар таърихи 27 январ. Дар сафари ҳунарӣ 15 консерт ба нақша гирифта шудааст. Аммо эҳтимол дорад, ки ситораи попи 61-сола барои чунин консертҳо омода нест. Сабаби ин осебҳои пешини зонуяш мебошад.

«Лутфан маро барои такрори ногаҳонии рӯйдодҳо бибахшед. Намоиши ман хеле хурсандӣ меорад, бинобар ин бекор кардани он ҷазо барои ман аст. Ман аз захмҳоям дарди сахт ҳис мекунам».

Хотиррасон мекунем, ки Мадонна бори аввал нест, ки консертҳояшро бекор мекунад. Соли гузашта низ чунин ҳолатҳо мунтазам рух медоданд. Аммо, хушбахтона, ҳамаи мухлисоне, ки барои консерти ин ситора чипта хариданд, пули худро бозпас гирифтанд.

Сарчашма: unian.net