Манижа намоҳанги нави худро дар калисо сабт намуд

Манижа, овозхони тоҷиктабори муқими Русия ба таронаи “Vanya» намоҳанг сабт намуд. Ин тарона ба се забон сароида шудааст. Наворбардории навор бо иштироки овозхонҳои муқимии Амрико дар як калисои шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат гирифт.

Бино ба гузориши пойгоҳи The Flow, коргардони видео Ладо Кватания мебошад. Ӯ барои Манижа навори “Модар” (“Мама”)-ро, ки мавзӯи хушунати хонаводагиро бозгӯӣ мекунад, омода намудааст.

Сарчашма: intermedia.ru