Марди амрикоӣ 43 ҳазор доллар пайдо карду ба соҳибаш баргардонд

Ин нафар Говард Кирбӣ аз иёлати Мичигани Амрико мебошад. Ӯ диванеро аз мағозае, ки ашёҳои истифодашударо мефурӯшад, харидорӣ намудааст. Мард ҳангоми ба болои он шиштан ҳис кард, ки он хеле сахт ва ноқулай аст ва ҳангоме ки ӯ диванро кушод, худаш ҳайрон шуд, чун дохили он пур аз маблағ буд.

Пас аз харидани лавозимоти хона, духтари Кирбӣ низ хост онро кушода бинад, ки чаро он ноқулай аст. Зери матоъу дарзҳо тақрибан $43 ҳазор доллар пинҳон карда шудааст.

Кирбӣ новобаста аз он ки адвокат иҷозати ба худ гирифтани ин маблағҳоро додааст, ба хулосае омад, ки соҳиби пиронсоли ин диванро ёфта, маблағҳоро ба ӯ баргардонад.

 

Кирбӣ ба мағоза муроҷиат намуда ҳодисаро ба онҳо фаҳмонид ва  хоҳиш кард, ки ӯро бо соҳиби қаблии диван шинос кунад. Баъдтар маълум гардид, ки ин оилаи Фаут-Нюберрӣ будааст. Мағоза ба онҳо гуфтааст, ки Кирбӣ мехоҳад як чизро ба онҳо баргардонад. Менеҷери мағоза хотиррасон кард, ки ин оила интизор буд, чизе ки ба онҳо баргардонидан мехоҳанд, тасвире аст, на ин ки пул.

Ҳангоме ки соҳибони қаблӣ ва ҳозираи диван вохӯрданд, Кирбӣ ба онҳо пулҳоро баргардонд. Аниқ гардид, ки диван ба бобои ин хонавода, ки як сол пеш ба даргузашта буд, тааллуқ доштааст.

«Ин тамоман аҷибу ногуфтанист», — баён доштанд аъзои оилаи Фаут-Нюберрӣ.

«Ман ҳамеша фикр мекардам, ки агар ин кор бо ман рух диҳад, ман чӣ кор мекардам. Ҳамакнун худро беҳад хуб ҳис мекунам», — мегӯяд Кирбӣ.

Агар шумо мебудед, чӣ кор мекардед?

Сарчашма: esquire.ru