Мел Гибсон ва Дэннӣ Гловер дар филми

Студияи Warner Bros. то ҳол нақшаи баровардани қисми панҷуми филми “Аслиҳаи марговар» (Lethal Weapon)-ро, ки соли 2017 эълон шуда буд, бекор накардааст.

Тавре маҷаллаи NME хабар медиҳад, ба гуфтаи Дэн Лин ба лоиҳаи мазкур Ричард Доннер низ ҳамроҳ мешавад. Дар нақшҳои асосии филм Мэл Гибсон ва Дэнни Гловер бозӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи продюсер, ин охирин филми франшиза хоҳад буд ва барои амалӣ намудани ин лоиҳа студия филмномаро интизор аст. Дигар маълумотҳо ҳоло дастрас нагардидааст.

Қисми чоруми филми “Аслиҳаи марговар” соли 1998 омода ва пешниҳоди ҳамагон гардидааст.

Мел Гибсон нақши Бобои барфиро дар мазҳакаи «Одами фарбеҳ» (Fatso) меофарад.

Сарчашма: unian.net