Мураббии Нурмагомедов: “Ҳабиб аз Фергюсон шикаст мехӯрад, агар...”

Хавйер Мендес, мураббии қаҳрамони феълии UFC Ҳабиб Нурмагомедов, пешгӯӣ кард, ки дастпарвараш аз Тонӣ Фергюсон шикаст мехӯрад, агар ба ӯ эҳтиром қоил нашавад. Ёдовар мешавем, ки размикорон дар мусобиқаи UFC 249 дар Бруклин рӯзи 18 апрел муҳориба доранд.

“Фаромӯш накунед, ки Ҳабиб – мошини дил аст. Фергюсон мехоҳад панҷ давр (раунд) биҷангад, ки Нурмагомедов ба ин зид нест. Ман фикр намекунам, ки ин набард таваққуф дошта бошад, ман набарди панҷдавриро интизорам. Тасмими доварон ва шикастро интизорам.

Ин чизест, ки ман пешгӯӣ мекунам ва ба назарам, мо омодаем. Барои ин мо бояд ба рақиби аз ҳама душвор, ки бо он бояд биразмем, омодагӣ гирем. Ва ин ҳам Тонӣ аст.

Барои мағлуб кардани Фергюсон, ӯро бояд эҳтиром кард. Агар мо ин корро накунем, вай моро мағлуб мекунад. Дилаш ба ӯ имкон медиҳад, ки панҷ даврро пушти сар кунад. Аммо оё касе Ҳабибро размоваре мешуморад, ки ҳангоми набард хаста мешавад?” – овардааст суханони Мандесро нашрияи The Body Lock.

Сарчашма: championat.com