Нақшофарии Приянка Чопра ва Ричард Мэдден дар силсилафилми нави студияи Amazon

Ричард Мэдденро тамошобинон аз филми «Бозии тахтҳо» («Игра престолов») ва Приянка Чопраро бошад, аз филми «Куантико» мешиносанд. Ин ду ҳунарпешаи шинохтаи ҳамагон дар силсилафилми ҷосусии «Диж» (“Citadel”), ки онро студияи Amazon ба роҳ мондааст, ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Тавре нашрияи The Hollywood Reporter хабар медиҳад, ба ҳайси таҳиягарон коргардони ду қисми пешинаи филми «Қасосгирандагон» (“Мстители”) – бародарҳо Ҷо ва Энтонӣ Руссо даъват шудаанд.

Лоиҳа дар як вақт барои кишварҳои гуногун омода мешавад. Ғайр аз версияи амрикоӣ, филм боз барои идораҳои хидматрасонии бузурги Мексика, Италия ва Ҳиндустон пешниҳод карда мешавад.

Дар бораи сужаи филм ва санаи нахустнамоиши филм ягон чиз маълумот дода нашудааст.

Сарчашма: 112.ua