Навгониҳои синамо: аз чеҳраҳои нави

 

Чеҳраҳои нави «Бэтмен»

Питер Сарсгаард и Жайме Лоусон  Навгониҳои синамо: аз чеҳраҳои нави «Бэтмен» то «Трансформерҳо»-и нав

Бино ба иттилоияи расмии филми «Бэтмен»-и коргардон Мэтт Ривз, Питер Сарсгаард нақши Додситонии минтақавӣ Готэм Ҷил Колсонро мебозад. Ҳунарпеша Жайме Лоусон номзади курсии шаҳрдорӣ Белл Реалро нақшофарӣ мекунад.

Тасмими ғайриинтизори Ҷеймс Марсден

Джеймс Марсден  Навгониҳои синамо: аз чеҳраҳои нави «Бэтмен» то «Трансформерҳо»-и нав

Ҷеймс Марсден омода аст, ки ба олами синамоии Marvel ҳамроҳ шавад. Ин ҳунарпеша дар мусоҳиба бо маҷаллаи ComicBook гуфтааст, ки мехост ба ҳайати дастаи нави филми Мардони Икс (X-Men) аз студияи Marvel бипайвандад.

«Uncharted» коргардони худро пайдо кард

Рубен Фляйшер  Навгониҳои синамо: аз чеҳраҳои нави «Бэтмен» то «Трансформерҳо»-и нав

Лоиҳаи “Uncharted” коргардони навро соҳиб гардид! Нашрияи DiscussingFilm хабар медиҳад, ки ширкати Sony Рубен Фляйшер («Веном», «Zомбилэнд: Контрольный выстрел»)-ро ба ҳайси таҳиягар барои лоиҳаи бисёркаратаи худ интихоб намуд. Сабти филм бояд моҳи марти соли ҷорӣ шурӯъ шавад. Наворбардорӣ дар Берлин ва Испания хоҳад гузашт.

Валкирияи нав дар олами синамоии Marvel

Валкирия  Навгониҳои синамо: аз чеҳраҳои нави «Бэтмен» то «Трансформерҳо»-и нав

Мувофиқи овозаҳо аз манбаи огоҳ Чарлз Мёрфӣ, дар олами синамоии Marvel метавонад боз як Валкирия пайдо мешавад. Гуфта мешавад, ки ин қаҳрамон аз комикси Мист (Меғ) мебошад, ки эҳтимол дар қисми чоруми филми “Тор” ё силсилафилми “Локӣ” пайдо шавад.

«Трансформерҳо» идома пайдо мекунад?

Трансформеры  Навгониҳои синамо: аз чеҳраҳои нави «Бэтмен» то «Трансформерҳо»-и нав

“Трансформерҳо” соҳиби боз ду филми дигар хоҳад шуд. Ширкати Paramount тасмим гирифтааст, ки ду қисми нави олами “Трансформаторҳо”-ро таҳия кунад. Филмномаи қисми аввалро Ҷеймс Вандербилт (Одам-анкабути нав) тайёр мекунад. Қисми дуюмро бошад, Ҷобӣ Харолд (Шамшери шоҳ Артур) ба ӯҳда дорад.

Хеле наздик омад

"Ванда/Вижн" и "Сокол и Зимний солдат"  Навгониҳои синамо: аз чеҳраҳои нави «Бэтмен» то «Трансформерҳо»-и нав

Тибқи овозаҳо, нахустин тизерҳои силсилафилми «Ванда/ Вижн» ва «Сарбози зимистонӣ» санаи 3-юми феврал ба намоиш гузошта мешавад.

Юэн Макгрегор нахустнамоиши «Обӣ-Ван Кенобӣ»-ро гуфт

Юэн Макгрегор  Навгониҳои синамо: аз чеҳраҳои нави «Бэтмен» то «Трансформерҳо»-и нав

Юэн Макгрегор мухлисонашро ором намуд ва дар бораи нахустнамоиши силсилафилми “Обӣ-Ван Кенобӣ”, ки соли дигар баргузор карда мешавад, маълумот дод. Ҳамчунин Макгрегор хотиррасон намуд, ки ӯ аллакай 90%-и филмномаро дидааст ва филмнома воқеан ҳам барояш писанд омадааст.

Имконоти Киану Ривз

Киану Ривз  Навгониҳои синамо: аз чеҳраҳои нави «Бэтмен» то «Трансформерҳо»-и нав

Бино ба сарусадоҳои нашрияи Cosmic Book News, Киану Ривз имкони хуби офаридани нақши Сурфери нуқраӣ (Silver Surfer) дар олами синамоии Marvel-ро доро мебошад.

Cарчашма: booms.tj