Навгониҳои синамо: Нақши нави ДиКаприо, ҷоизаи

 

Интизории Ҷеннифер Энистон

Навгониҳои синамо: Нақши нави ДиКаприо, ҷоизаи «Игра престолов» ва Рианна дар Marvel                                 1024x576

Бино ба гуфтаи Ҷеннифер Энистон, ӯ муддати тӯлонӣ интизори иҷро намудани нақши «Чудо женщина» буд, вале ин нақш ба Гал Гадот супорида шуд.

Филми «Дюна» баҳои баланд гирифт 

Навгониҳои синамо: Нақши нави ДиКаприо, ҷоизаи «Игра престолов» ва Рианна дар Marvel

Филми “Дюна”-и коргардон Денӣ Вилневаро бо «Звездные войны» ва «Властелин конец» муқоиса карданд.

Нависандаи тахайюлпардоз Брайан Клемент дар шабакаи твиттер дар бораи саҳнаҳои дидаи худ аз филми навбатӣ ва дар ҳайрат афтоданаш хабар дод. Аз гуфтаҳои ӯ чунин бармеояд, ки филми номбаршуда ба тамошобинон бояд ҳиссиёти ногуфтанӣ бибахшад, ҳамон тавре ки филмҳои «Влестелин колец» ва «Звездные войны» дар лаҳзаи намоиш диққати зиёди дӯстдорони синаморо ба худ ҷалб намуда буданд.

Коргардон: «Новые мутанты» ба «Люди Икс» монанд хоҳад шуд

Бинобар гуфтаи Ҷош Бун, дар филми «Новые мутанты» баъзе саҳнаҳои монанд ба филми «Люди Икс» хоҳанд буд, вале дар баробари ин ӯ мегӯяд, талошҳои зиёде кардааст, то филм дорои махсусияти худ бошад.

Нахустнамоиши он дар кинотеатрҳо 1 апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Нақшофаринии муштараки Леонардо ДиКаприо ва Роберт Де Ниро

Навгониҳои синамо: Нақши нави ДиКаприо, ҷоизаи «Игра престолов» ва Рианна дар Marvel

Леонардо ДиКаприо ва Роберт Де Ниро дар филми нави Мартина Скорсезе нақшофаринӣ мекунанд. Дар ин бора шаби гузашта, ҳангоми маросими ҷоизасупории Гилдия ба ҳунармандони ИМА хабар дода шуд. Де Ниро ва ДиКаприо дар филми «Убийца Цветочной Луны» нақшҳои асосиро мебозанд.

Коргардони нави «Доктор Стрэнҷ» кӣ мешавад?

Доктор Стрендж  Навгониҳои синамо: Нақши нави ДиКаприо, ҷоизаи «Игра престолов» ва Рианна дар Marvel

Мувофиқи овозаҳо, коргардони нави сиквели «Доктор Стрэнҷ»-ро охири ҳамин моҳ эълон мекунанд. Хотиррасон мегардем, Скотт Дерриксон аз коргардонии сиквели мазкур даст кашидааст.

«Игра престолов» сазовори ҷоиза гардид

Навгониҳои синамо: Нақши нави ДиКаприо, ҷоизаи «Игра престолов» ва Рианна дар Marvel                             1

Силсилафилми «Игра Престолов» барои беҳтарин ансамбли ҷонбоз дар силсилафилмҳои телевизионӣ сазовори ҷоизаи Гилдия ба ҳунармандони амрикоӣ дониста шуд.

Муждаи нек

Навгониҳои синамо: Нақши нави ДиКаприо, ҷоизаи «Игра престолов» ва Рианна дар Marvel

Аз рӯи овозаҳо, рӯзҳои наздик дар олами синамоии Marvel хабари нав дар бораи Рианна ва Ҷеннифер Лоуренс пайдо мешавад.

Ҷойгоҳи хосаи Мофф Гидеон дар «Мандалорец»

Навгониҳои синамо: Нақши нави ДиКаприо, ҷоизаи «Игра престолов» ва Рианна дар Marvel

Мувофиқи гуфтаи ҳунарпеша Ҷанкарло Эспозито, Мофф Гидеон дар фасли дуюми филми «Мандалорец» соҳиби ҷойгоҳи хоса мегардад.

Сарчашма: booms.tj