Навгониҳои синамо: аз бозгашти

 

Бозгашти «Лигаи адолати торик»

Навгониҳои синамо: аз бозгашти «Кунг Фу» то рекордҳои Netflix Justice League Dark

Ба гузориши нашрияи Deadline, студияи Bad Robot-и Ҷей Ҷей Абрамс бар асоси филми “Лигаи адолати торик” (“Justice League Dark”) филму силсилафилм хоҳад сохт.

Чаро Ҳюго Уивинг нақши Каласурхро наофарид?

Red Skull  Навгониҳои синамо: аз бозгашти «Кунг Фу» то рекордҳои Netflix Red Skull

Ҳюго Уивинг сабаби наофаридани нақши Каласурх (Red Skull) дар филми “Интиқомҷӯён: Ҷанги абадият” (“Avengers: Infinity War”) ва “Поёни бозӣ”-ро (Final) гуфт. Ин ҳунарпеша дар суҳбат бо нашрияи TimeOut иброз дошт, ки ҳарчанд ӯ барои се филм қарордод имзо кард, аммо дар охир гуфтушунид бо Marvel ба сабаби пул ба бунбаст анҷомид: студия ба пардохти пешпардохти қаблан мувофиқашуда розӣ нашуд.

Замони таҳияи «Ҳалк-духт» маълум гардид

She-Hulk  Навгониҳои синамо: аз бозгашти «Кунг Фу» то рекордҳои Netflix

Ба иттилои манбаи огоҳ Чарлз Мерфӣ, таҳияи силсилафилми «Ҳалк-духт» («She-Hulk») моҳи июли соли равон дар Атланта оғоз меёбад.

«Кунг Фу» баъди 50-сол меҳмони кошонаҳо мегардад

Кунг Фу  Навгониҳои синамо: аз бозгашти «Кунг Фу» то рекордҳои Netflix

Дэвид Литч, коргардони филмҳои «Ҷон Уик» ва «Дэдпул 2» силсилафилми «Кунг Фу»-и солҳои 1970-умро дубора ва бо тарҳи нав рӯйи экран оварданист.

76 миллион: рекорди нав дар шабакаи Netflix

“The witcher”  Навгониҳои синамо: аз бозгашти «Кунг Фу» то рекордҳои Netflix

«Ҷодугар» (“The witcher”) пурбинандатарин силсилафилм дар таърихи Netflix гардид. Бино ба ҳисоботи нави шабака, қариб 76 миллион истифодабарандаи Netflix фасли аввали “Ҷодугар”-ро тамошо кардаанд.

Пурбинандатарин филм

Six underground  Навгониҳои синамо: аз бозгашти «Кунг Фу» то рекордҳои Netflix Six underground

Филми моҷароии «Шаш нерӯи махфӣ” (“Six underground»)-и коргардон Майкл Бэй, ки Райан Рейнолдс дар он нақши асосиро офаридааст, пурдидатарин филм дар шабакаи Netflix гашт. Дар чаҳор ҳафтаи аввал филмро 83 миллион истифодабаранда тамошо кардаанд. Аз ин пештар пешсафӣ бо 80 миллион боздид насиби “Қуттии паранда” (“Bird Box”) буд.

«Ҷодугар» ба риштаи тасвир кашида мешавад

The Witcher: Nightmare of the Wolf  Навгониҳои синамо: аз бозгашти «Кунг Фу» то рекордҳои Netflix The Witcher

Шабакаи Netflix пас аз муваффаққияти силсилафилми “Ҷодугар” (“The Witcher”) ҳоло тасмим гирифтааст, филми аниматсионии “Ҷодугар: Кобуси гург” («The Witcher: Nightmare of the Wolf»)-ро бар асоси он бисозад. Лорен Шмидт Хиссрич ва Бо ДеМайо, ки филмномаи қисмати сеюми “Ҷодугар”-ро навиштааст, таҳияи ин филмро бар ӯҳда доранд.

Таҳияи филми нав бо ҳунарнамоии Бредлӣ Купер

Nightmare Alley  Навгониҳои синамо: аз бозгашти «Кунг Фу» то рекордҳои Netflix Nightmare Alley

Сабт ва таҳияи филми «Кӯчаи кобус» (“Nightmare Alley”) аз рӯйи асари Уилям Грэшем ба коргардонии Гилйермо Дел Торо шурӯъ шуд. Ҳайати ҳунармандони филм аз Брэдлӣ Купер, Уиллем Дефо, Рунӣ Мара, Кейт Бланшетт, Тонӣ Коллетт, Рон Перлман ва Ричард Ҷенкинс иборат аст.

Масъулияти нав

Бенджамин Уоллфиш  Навгониҳои синамо: аз бозгашти «Кунг Фу» то рекордҳои Netflix

Бенҷамин Уоллфиш (“Блейд Раннер 2049” – “Blade Runner 2049”, ду қисмати “Оно”) оҳангсозии филми нави “Набарди фанопазирон (“Mortal Kombat)-ро ба ӯҳда гирифт.

Таърихи нашри «Корди берун» дақиқ шуд

Knives Out  Навгониҳои синамо: аз бозгашти «Кунг Фу» то рекордҳои Netflix Knives Out

Филми “Корди берун” (“Достать ножи” — «Knives Out»)-и коргардон Райан Ҷонсон дар қолаби Digital HD 7-уми феврал, дар Blu-ray ва дар 4K – 25 феврал нашр хоҳад шуд.

Сарчашма: booms.tj