Неймар хотираи Кобӣ Брайантро гиромӣ дошт

“ПСЖ” дар мусобиқаи қаҳрамонии Фаронса бо ҳисоби 2:0 ба бошгоҳи “Лилл” дастболо шуд.

Ҳар ду голро ҳамлавари бразилиягӣ Неймар ба самар расонд. Ба эҳтимоли зиёд, ӯ аз хабари марги Кобӣ Брайант ҳангоми танаффус огаҳ гашт. Бозигар пас аз задани голи дуюм дар дақиқаи 52-юм ба наворгири телевизион омада, бо ангуштонаш рақами 24-ро нишон дод. Маҳз бо ин рақам бозигари афсонавии “Лейкерс” ҳунарнамоӣ мекард.

Хотиррасон мегардем, ки Кобӣ дар натиҷаи фалокати ҳавоӣ аз дунё даргузашт. Ӯ дар дохили чархболи таркида қарор дошт. Ҳамроҳ бо вай духтари 13-сола ва се шахси дигари дар дастгоҳи парон қарордошта ба ҳалокат расиданд.

Cарчашма: eurosport.ru