Оғоз шуд: Дуэйн Ҷонсон аз сабти як филми нав хабар дод
Дуэйнн Ҷонсон ва Райан Рейнолдс

Ҳунарпешаи писандидаи ҳамагон Дуэйн Ҷонсон («Форсаж») аз оғози наворбардории филми нави моҷарии «Паёми сурх» («Красное уведомление» —  «Red Notice») дар саҳифаи инстаграми худ хабар дод.

Дар ин филм ҳамроҳи Дуэйн Ҷонсон, Гал Гадот — ҳунарпешаи маъруфи канадагӣ ва ситораи филми пуровозадори «Дедпул» — Райан Рейнолдс ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар лоиҳаи мазкур Ҷонсон нақши асосиро меофараду Гадот намояндаи олами санъатро. Коргардони филм Роусон Маршалл Тайбер ба ҳисоб меравад.

Сужаи филм ҳанӯз маълум нест, вале манбаъҳои огоҳ тасвирро «филми моҷароӣ дар бораи ғоратгарӣ» ном мебаранд. Ҷонсон дар образи корманди хадамоти Интерпол, ки дар пайи ҷустуҷӯ ва дастгир намудани ғоратгари асарҳои беҳамтои санъат аст, нақшофарӣ менамояд. Образи Райан ҳанӯз маълум нест.

Оғоз шуд: Дуэйн Ҷонсон аз сабти як филми нав хабар дод                   1
Гал Гадот

Гуфта мешавад, ки Дуэйн Ҷонсон барои иштирок ва ҳунарнамоӣ дар лоиҳаи мазкур 25 млн доллар ба даст меорад.

Нахустнамоиши филм дар кинотеатрҳои ҷаҳон 12-уми июни соли 2020 дар назар аст.

Сарчашма: booms.tj