Президенти UFC ба Конор ваъда дод, ки барои ӯву Ҳабиб муҳориба барпо мекунад, агар...

Президенти UFC Дейнӣ Уайт шарти баргузории муҳорибаи такрории размикори ирландӣ Конор МакГрегорро бо қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмагомедов гуфт.

Конор Макгрегор пас аз шикаст хӯрдан дар набард бо қаҳрамони доғистонӣ дар вазни сабук бори аввал вориди майдони ҳарб мешавад. Давоми ин муддат варзишкори ирландӣ дар бораи қасос гирифтан аз Ҳабиб Нурмагомедов мегуфт. Эҳтимол меравад, ки чунин имконият ба ӯ даст медиҳад, интиқомашро бигирад.

«Он чизеро, ки дар орзуяш буд, ба даст хоҳад овард. Чизеро, ки дархост карда буд, дарёфт хоҳад кард. Вай муҳорибаи такрории эҳтимолӣ бо Ҳабибро бесабронӣ интизор аст. Фикр мекунам, ин чизи пӯшида нест. Агар вай дар ин ҳафта пирӯз шавад, муҳориба барои унвони қаҳрамониро ба даст меорад ва ин бузургтарин рӯйдод дар таърихи UFC хоҳад буд», — иқтибос меорад суханони Уайтро сомонаи MMA Fighting.

Зимнан, набарди Конор ва Ceрронe шаби 18 ба 19 январи соли 2020 дар шаҳри Лас-Вегас баргузор мешавад.

Конор Макгрегор охирон бор 6-уми октябри соли 2018 вориди октагон шуд, вале аз ҳарифи худ размикори доғистонӣ шикаст хӯрд.

Cарчашма: eurosport.ru