Айни замон ҳунарпешаи машҳур ва дорандаи унвони «Бонуи ҷаҳон» дар марҳилаи гуфтушунид дар мавриди ҳунарнамоӣ дар филми «Матрикс 4» қарор дорад. Ӯ бо студияи Warner Bros. ва Village Roadshow, ки таҳиягари филми мазкур мебошад, гуфтушунидро гузаронидааст.

Ҳоло маълум нест, ки Приянка нақши кадом қаҳрамонро меофарад. Агар гуфтушунидҳо бомуваффақ анҷом ёбад, Приянка ба ҳайати ҳунармандони шинохта, аз қабили Киану Ривз, Кэррӣ-Энн Мосс, Нил Патрик Харрис ва дигарон, ки аллакай барои нақшофарӣ тасдиқ шудаанд, ҳамроҳ хоҳад шуд.

Тибқи иттилои нашрияи Variety, наворбардории қисми чоруми филми «Матрикс» ба наздикӣ дар Калифорнияи Шимолӣ оғоз хоҳад шуд. Филм бояд 21 майи соли 2021 ба намоиш гузошта шавад. Муаллифи филмнома ва коргардони филм Лана Вачовскӣ мебошад.

Сарчашма: esquire.ru