Роҳбари Xiaomi номи ширкаташро маънидод кард

Ширкати Xiaomi номи худро аз сабаби ҳавас ва тамоюли шариконаш ба рамз доштанаш интихоб кардааст. Он кӯтоҳшудаи номи филми «Рисолат анҷомнопазир аст» («Миссия невыполнима») ва ибораи «интернети мобилӣ» мебошад.

Дар бораи саргузашти ташкилоти чинӣ мудири кулли он Лэй Тсзюн нақл кард, ки нашрияи Mydrivers гуфтаи раҳбари ширкати Xiaomi-ро расонаӣ намуд.

Бунёдгузорони ширкат сараввал аз миёни ибораҳое чун Red Star ва Xuande якеро интихоб намуданӣ буданд. Агар аз варианти аввалӣ ба хотири мавҷудияти як ширкат бо ҳамин ном даст кашида бошанд, пас варианти дуюм бо сабаби талаффузи нороҳаткунандааш рад карда шуд.

Дар миёни пешниҳодҳо номҳое чун Qianqi, Antong, Lingxi ва ғайра низ буданд.

Роҳбари Xiaomi номи ширкаташро маънидод кард  Роҳбари Xiaomi номи ширкаташро маънидод кард Xiaomi 1024x640

Ахири ахирон Xiaomi пазируфта шуд. Бино ба гуфтаи мудири кулл Лэй, дар ин ном якчанд маънои рамзӣ мавҷуд аст. Аввалан, анҷомаи mi – «интернети мобилӣ», mobile internet маънидод мешавад. Ширкат маҳз ба рушди ин бахши фанновариҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудан мехост.

Бар замми ин, ду ҳарфи охирини номи ширкат аббревиатураи Mission: Impossible (номи филми “Рисолат анҷомнопазир аст” — “Миссия невыполнима”)-ро дорад. Ҳамин тариқ, ширкат вазъи пешсафони бозорро арзёбӣ карда, дарк кард, ки рақобати шадиде онҳоро дар пеш интизор аст.

Шӯрои муассисони Xiaomi нишасти аввалини худро дар таърихи 14-уми январи соли 2010 баргузор намуд. Пас аз чанд моҳ ё худ 6-уми апрел ширкат аз таъсиси худ расман дарак дод.

Айни замон ширкати Xiaomi аз бозигарони бонуфузи бозори чинӣ ва ҷаҳонӣ шуморида мешавад. Ширкат ҳамчунин маҳсулоти электроникаи маишӣ низ истеҳсол мекунад.

Сарчашма: wi-fi.ru