Селена Гомес намоҳанги таронаи “Rare” нашр кард

Сарояндаи маъруфи амрикоӣ Селена Гомес барои таронаи асосии албоми нави худ “Rare” (Нодир) клип пешкаш намуд. Дар намоҳанг, ки аз ҷониби дуэтсарои эҷодии BRTHR сабт шудааст, овозхон дар тан либоси дурахшанда дошта, дар боғи сеҳрноки иборат аз гулҳои зебои тоза ва ҳубобчаҳои собун сайругашт ва дар бистари даврзанда такя мекунад.

Албоми “Rare” 10-уми январи соли равон пешниҳоди ҳаводорон гардонида шуд. Дар баробари як суруди якном, он 12 суруди дигар низ дар бар мегирад, ки ҳамроҳи 6lack ва Кид Кадӣ сабт шудаанд.

Сарчашма: intermedia.ru