Меган Маркл ва шоҳзода Гаррӣ филм хоҳанд бардошт

Тавре телевизиони TSN бо такя ба нашрия Daily Mail менависад, ҳамсарон зиндагии худро аз ҳисоби сабти филмҳои мустанад пеш хоҳанд бурд. Ин ҷуфти шайдо ба таҳия ва дубляж кардани филмҳои мустанад дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, бахусус равондармонӣ ва тағйирёбии иқлим мепардозанд.

Хабари мазкурро мудири кулли муҳтавоии шабакаи Netflix Тэд Сарандос ҳангоми маросими супурдани ҷоизаи SAG Awards 2020 тасдиқ кард. Ӯ мегӯяд, ба ҳамкорӣ бо шоҳзода ва ҳамсараш ҳавасманд аст.

«Кӣ намехост? Албатта, ҳама мехоҳад!», — гуфтааст Тед. Тибқи гуфтаи як манбаи огоҳ, шоҳзода Гаррӣ ва Меган нақша доранд, филмҳои мустанаде бардорад, ки Гаррӣ барои Apple TV филмгузорӣ мекард. Ашрофзода мехоҳад ба оилаи худ собит созад, ки ин дар ҳақиқат имконпазир аст. Аммо ҳамсарон ба имзо кардани қарордодҳои тиҷоратӣ намешитобанд. Онҳо аз ҳама гуна пешниҳодҳои шубҳанокро рад хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Меган Мэнкл бо ширкати Disney қарордод имзо кард.

Сарчашма: unian.net