Стипендияи Озарбойҷон дастраси хоҳишмандон гардидааст

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмиллалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои (стипендия) таҳсил дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли таҳсили 2020-2021 аз рӯи зинаҳои гуногун оғоз гардидааст. Маълумоти бештар доир ба таҳсил дар Ҷумҳурии Озарбойҷонро аз сомонаи Stady in azerbaijan.edu.az пайдо намоед.

Барои номнавис шудан, хоҳишмандон инчунин метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмаллалӣ» (ш.Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 47) муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 221-18-83,  223-23-57

Сарчашма: Маркази Дурахшандагон