Стипендияи Ритчӣ-Ҷеннингс Мемориал барои дастгирии молиявии донишҷӯён

Мӯҳлати ниҳоӣ: 30 январи соли 2020

Барномаи стипендиявии Ритчӣ-Ҷеннингс Мемориал (Ritchie-Jennings Memorial Scholarship) ба донишҷӯёне, ки хоҳиши таҳсил кардан ва мубориза бурдан бо қаллобиро доранд, дастгирии молиявии худро пешниҳод мекунад.

Стипендия аз пардохтҳои молиявии $10,000, $5,000, $2,500, $1000 ва узвият дар Associate ACFE Student дар муддати як сол иборат аст. Стипендия бо доллари амрикоӣ мустақиман ба донишгоҳе, ки донишҷӯ дар он таҳсил мекунад, пардохт карда мешавад.

Талаботҳо:

Барои гирифтани стипендия довталабон ӯҳдадоранд:

  • дар яке аз донишгоҳҳои аккредитатсияшуда бо яке аз барномаҳои бакалаврӣ, магистратура ва аспирантура дохил шуда бошанд.
  • дар миёни фанҳои омӯхташудаи донишҷӯ бояд ин фанҳо бошанд: баҳисобгирӣ, идораи соҳибкорӣ, молия, адолати судии ҷиноӣ.
  • шавқу ҳаваси кору фаъолият дар соҳаи мубориза бо қаллобӣ пас аз ба анҷом расонидани таҳсил.

Барои гирифтани стипендия, шуморо зарур аст дархостро пур карда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунед:

  • санади расмӣ бо зикри баҳо ва фанҳои дар донишгоҳ меомӯхта;
  • ду тавсиянома.

Маълумоти муфассал дар сомонаи расмӣ.

Cарчашма: st-gr.com