Шварсенеггер болопӯши «Терминатор»-ро ба фурӯш гузошт

Ҳунарпешаи маъруфи америкоӣ Арнолд Швартсенеггер дар як музояда ё худ ауксиони хайриявӣ иштирок мекунад, то ин ки диққати ҳамагонро ба мушкилоти ҳифзи иқлим ҷалб намояд. Бо ин амалаш ҳунарпеша тасмим гирифт ҳаракатҳои экологиро дастгирӣ кунад.

Дар музоядаи мазкур асбобу анҷоми филмҳо бо иштироки “Арнии оҳанин” фурӯхта мешавад. Ин, пеш аз ҳама, болопӯши чармии қаҳрамони марказии “Терминатор”, шамшер аз филми “Конан-Варвар” ва филми муаллифии Силвестр Сталлоне мебошанд.

Бояд гуфт, ки Шварсенеггер ҳаракатҳои экологиро аз дер боз пуштибонӣ мекунад.

Сарчашма: unian.net