Таҳсили ройгон дар донишгоҳи Монаши Австралия

Мӯҳлати охирин: 15 январи соли 2020

Макони таҳсил: Мелбурн, Австралия

Донишгоҳи Монаши Австралия (Monash University) ба донишҷӯёни боистеъдоди хориҷӣ стипендия пешкаш мекунад. Ҳамасола 31 донишҷӯи хориҷӣ метавонанд дар донишгоҳи мазкур таҳсили ройгонро пайдо кунанд. Донишҷӯён, магистрҳо ва аспирантҳои хориҷӣ дар донишгоҳи Монаш имкони гирифтани стипендияро доранд.

Донишҷӯён барои таҳсили пурра (48 кредит) ҳар сол $10000 стипендия мегиранд. Стипендия барои тамоми давраи таҳсил барои донишҷӯ тибқи барнома пардохт карда мешавад. Стипендия барои соли оянда тамдид карда мешавад, агар донишҷӯ аз ҳисоби миёна (70%) баҳои баландтар гирад ва на камтар аз 3 маросиме, ки ба пешбурди стипендия ё донишгоҳ бахшида шудаанд, ширкат варзад.

Талаботҳо:

  • ба яке аз барномаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантураи Monash University ҳуҷҷат супоридан;
  • Натиҷаҳои олии таҳсил доштан;
  • Шаҳрванди Австралия набудан;
  • Донишҷӯёне, ки аллакай дар Monash University таҳсил мекунанд, метавонанд барои гирифтани стипендия дархост пешниҳод кунанд, аммо донишҷӯёне, ки акнун ба Донишгоҳи Монаш дохил шудан мехоҳанд, афзалият доранд.

Донишҷӯ бояд ба яке аз барномаҳои шакли рӯзонаи бакалавриат, магистратура ва аспирантураро дохил шавад. Пас аз дарёфти мактуб дар бораи дохил шудани донишҷӯ ба таҳсил, аризаи алоҳида барои гирифтани стипендия бояд пешниҳод карда шавад. Барои гирифтани стипендия ба шумо лозим нест, ки ягон ҳуҷҷати иловагӣ пешниҳод кунед, танҳо пур кардани дархост кифоя мебошанд!

Таҳсил дар Monash University метавонад аз нимсолаи 1 ва ё 2-юм оғоз карда шавад.

Мӯҳлати пешниҳоди дархост:

Агар донишҷӯ мехоҳад дар нимсолаи аввал таҳсилро оғоз кунад: Мӯҳлати ниҳоӣ: 15 октябр, 15 ноябр, 15 январ.

Агар донишҷӯ мехоҳад таҳсилро дар нимсолаи дуюм таҳсилро оғоз кунад: Мӯҳлати ниҳоӣ: 15 октябр, 15 ноябр, 15 январ, 15 март, 15 апрел, 15 май.

Маълумоти муфассалро дар бораи стипендия аз сомонаи расмӣ дастрас карда метавонед.

Cарчашма: st-gr.com