Таҳсили ройгон дар Донишгоҳи Сиднейи Австралия

Мӯҳлати охирин: 12 январи соли 2020

Грант: 50%-и маблағи таҳсил

Замон: ҳамасола

Макон: Синдей, Австралия

Тавсиф

Донишгоҳи University of Sydney ба донишҷӯёне, ки хоҳиши пешсаф шуданро доранд, стипендияи Dr Abdul Kalam-ро пешниҳод мекунад.

Стипендия 50% маблағи таҳсилро пардохт мекунад ва танҳо барои 1 сол эътибор дорад. Гирандаи стипендия бояд тамоми хароҷотро барои рафтан ба Сидней (чиптаи ҳавопаймо, хидматрасонии тиббӣ ва дигар хароҷотҳо) пардохт кунад.

Талаботҳо барои довталабон:

  • донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд барои гирифтани стипендия, ки дар яке аз барномаҳои магистрии факултети муҳандисӣ дохил шудаанд, дархост пешниҳод кунанд;
  • номзадҳо бояд холи миёна (нишондиҳандаи миёнаи таҳсил дар бакалавратура) дошта бошанд, ки дар Донишгоҳи Сидней ба 75 баробар аст;
  • ҳамаи довталабон бояд таҳсили худро дар худи ҳамон нимсола, дар ҳамон соле, ки стипендияро соҳиб шудаанд, сар кунанд;
  • донишҷӯёне, ки аллакай дар аспирантура ва ё магистратура таҳсил мекунанд, барои гирифтани стипендия довталаб шуда наметавонанд.

Стипендия дар асоси натиҷаҳои таълимӣ дода мешавад.

Дархост барои ба даст овардани стипендияро ба таври онлайн пур кардан мумкин аст.

Маълумоти муфассал дар сомонаи ташкилкунандагон.

Тамос:

Level 3, Jane Foss Russell Building (G02), Darlington Campus

+61 2 8627 1444

https://sydney.edu.au/scholarships/b/dr-abdul-kalam-international-scholarship.html

Сарчашма: grantist.com