Ширкати Fandango яке аз фурӯшандагони бонуфузтарини чиптаҳои филмҳои ҷаҳонӣ мебошад. Он рейтинги «филмҳои беҳтарини даҳсола»-ро, ки бо ҳисоби фурӯши чипта омода шудааст, нашр намуд. Дар ҷойи аввал филми «Звездные войны: Эпизод 7 — Пробуждение Силы» қарор гирифт. Зинаи дуюм насиби филми «Мстители 4: Финал» ва мақоми сеюм аз они «Звездные войны 8: Последние джедаи» гардид.

Дар панҷгонаи беҳтаринҳо инчунин филмҳои «Мстители 3: Война бесконечности» ва «Черная пантера» дохил шуданд. Ёдовар мешавем, ки се лоиҳаи синамоӣ аз ин рӯйхат дар бозори намоиши амрикоии худ, беш аз ду миллиард доллар фоида ба даст овардааст. Маблағи боқимонда аз лоиҳаҳои номбаршуда, аз як миллиард доллар гузаштааст. Ҳамаи ин филмҳо аз ҷониби бахшҳои гуногуни ширкати Walt Disney омода шудаанд.

Эҳтимол меравад, ки дар ояндаи наздик филми «Звездные войны 9: Скайуокер. Восход» ба ҳайати миллиардерҳо ҳамроҳ мешавад.

Сарчашма: kinonews.ru